Маркази тиббии ШАФРАН дар шаҳри Душанбе

Соли нав Муборак

Маркази тиббии “ШАФРАН” тамоми мизоҷон, ҳамватанону ҳамзабононро бо соли нави мелодӣ муборакбод мегӯяд.Соли нави 2022–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем. Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!Боз омад ба дари мо соли нав,Боз омад бахти нав, иқболи нав.Боз омад соли неку фоли нав,Боз омад шӯри нав бо боли нав.Соли нави 2022 муборак!

Бо камоли эҳтиром,Роҳбарияти Маркази тиббии “Шафран