Маркази тиббии ШАФРАН дар шаҳри Душанбе

Кардиолог

Дар Тоҷикистон, ба мисли аксар кишварҳои дигари ҷаҳон, мушкилоти марбут ба низоми дилу раг мавқеи асосиро ишғол менамояд. Саломатӣ ва ояндаи мо бештар аз он вобаста аст, ки дил то чӣ андоза дуруст ва мӯътадил кор мекунад. Маркази тиббии Шафран дар шаҳри Душанбе, омода аст ба шумо бо мушкилоти марбут ба дилу рагҳо табобат намояд. Кардиологи мо омодааст, ки ба шумо ёрии самарабахш ва тахассусӣ расонанд. Мо бо беморони тамоми синну сол кор мебарем.

Раҳмон Кабирзода – Духтури кардиолог
Раҳмон Кабирзода – Духтури кардиолог

Бо шарофати таҷҳизоти муосири маркази тиббӣ мутахассисон на танҳо анамнез ҷамъ менамоянд, балки ташхиси иловагие таъин мекунанд, ки барои омӯзиши ҳолати дақиқ зарур аст. Дар дохили бинои мо шумо метавонед ЭКГ, эхография, ташхиси триплексии рагҳои хунгард, мониторинги ҷараёни гардиши хун ва бисёр ташхисҳои дигари тавассути асбобҳоро анҷомдиҳандаро дастрас намоед, ки ба табибон имкон медиҳад, дар бораи вазъи бемор маълумоти пурра гирад.

Дар ҳолати зарурӣ, мо омодаем дар беморхонаи худ ҷой барои табобат статсионарӣ фароҳам орем. Кардиологҳои Маркази тиббии Шафран ба муқобили чунин бемориҳои маъмули дил, аз қабили: БИД (бемории ишемияи дил), гипертония ва дигар нуқсонҳои модарзодӣ ва бадастомада, бомуваффақият мубориза баранд.

Агар шумо ба ҳолати низоми дилу рагҳои худ шубҳа дошта бошед, пас набояд лаҳзаи ташрифи кардиологро ба таъхир андозед. Тибқи омори ҷаҳонӣ, ҳолатҳои фавт аз ҳисоби бемориҳои дилу раг дар дунё дар ҷойи аввал меистад. Саривақт тамос бо мутахассис кӯмак мекунад, ки ҳатто дар марҳилаи аввал беморӣ, бартараф карда шавад.