Маркази тиббии ШАФРАН дар шаҳри Душанбе

Уролог

Агар дард дар қисмати поёнии шикам, мушкилот бо пешоб намудан ва нороҳатӣ дар узвҳои таносул дошта бошед, пас метавонед урологро ташриф намоед. Ба Маркази тибии “Шафран”, ки дар ш. Душанбе мебошад ташриф оред, зеро дар ин макон танҳо мутахассисони баландихтисоси дорои таҷрибаи зиёди амалидошта фаъолият менамоянд. Духтурони мо  дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд ва дар кори худ усулҳои муоссиру самараноки табобатро истифода мебаранд. Дар Маркази тиббии “Шафран” бо  истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ва технологияи пешқадам муоинаҳо гузаронида мешаванд.

Уролог Андролог Лучший в Душанбе - Дилшод Солихов
Солиҳов Дилшод Нигматович доктори илмњои тиб, уролог – андролог

Урологи маркази тиббӣ (клиника) омода аст, ки барои ҳалли маҷмӯи бемориҳои вобаста ба ин самтро табобат намояд. Мутахассисони мо бо табобати бемориҳои сироятии роҳи пешоб, цистит, уролития, пиелонефрит ва ғайра машғуланд . Ҳангоми тамос бо мо аввал муоинаи ибтидоӣ ва омӯзиши таърихи бемор гузаронида мешавад, пас дар ҳолати зарурӣ таҳқиқоти лабораторӣ ва инструменталӣ таъин карда мешаванд, ки онҳоро низ кормандони маркази мо анҷом медиҳанд. Мо метавонем тадқиқоти ултрасадо ё худ УЗИ-ии узвҳои коси бадан, холигиҳоии шикамро дида бароем. Дар ҳолати зарурӣ, уретероскопия яъне муоинаи қисми беруниву дарунии роҳҳои пешобро томографияи магнитиву резонансӣ, ва ё томографияи компютериро анҷом диҳем. Лабораторияи мо, ки бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз аст, санҷишҳои гуногун, аз ҷумла санҷишҳои мушаххасот, аз қабили сифати пешоб барои микрофлора, ҳассосияти антибиотик ва ғайраро ба амал бароварда метавонад.

Баъди табобати ҳаматарафаи урологӣ дар маркази тибии Шафран, ба шумо дигар зарурият нест, ки духтури дигаре дар ин самт ҷустуҷу намоед, чунки мо табобатӣ маҷмӯиро амалӣ менамоем.

Маълумоти муфассал дар бораи Уролог-Андрологи Маркази тиббии “Шафран” дар сахифаи мазкур бигиред >>>>