Маркази тиббии ШАФРАН дар шаҳри Душанбе

Солиҳов Дилшод Нигматович

Солиҳов Дилшод Нигматович
доктори илмҳои тиб, уролог – андролог

Фаъолияти кории худро дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соли 1995 оғоз намудааст. Баъди хатми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино солҳои 1995-1996 дар зинаи интернатура (таҳти роҳбарии профессор В.Л. Тянь), солҳои 1996-1998 дар зинаи ординатураи клиникӣ (таҳти роҳбарии олимони варзида д.и.т., профессор Қодирӣ Т.Р. ва профессор Осимӣ А.С.) аз рӯи барномаи урология дар кафедраи урологияи донишгоҳи мазкур таҳcил намудааст. Пас аз хатми ординатураи клиникӣ солҳои 1998-2001 ба ҳайси духтур – уролог дар Маркази миллии тиббӣ фаъолият намуда, ҳамзамон бо корҳои илмиву эҷодӣ машғул гардида, дар кафедраи урология аспирант гардидааст.

         Соли 2004 рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Вазъияти фаъолияти гурда дар ҳомиладории муқаррарӣ ва оризанок» таҳти роҳбарии д.и.т., профессор          Қодирӣ Т.Р. бо муваффақият дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии – номзади илмҳои тиб гардидааст.

Боназардошти дастовардҳои илмӣ соли 2006 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба Ҷоизаи давлатии «Исмоили Сомонӣ» сарфароз гардидааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи барномаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ “Дурахшандагон” дар солҳои 2006-2010 дар зинаи докторантураи кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Санкт – Петербург ба номи академик И.П.Павлов таҳсил намуда, дар муддати муқарраргардида (соли 2010) рисолаи докториро дар мавзӯи “Баҳодиҳии муқоисавии усулҳои муосири табобати илтиҳоби музмини ғадуди простата” дар ш.Санкт – Петербурги Федератсияи Россия  зери роҳбарии д.и.т., профессор Салман Хасунович Ал – Шукри ҳимоя намудааст. Усулҳои табобатии пешниҳоднамудаи ӯ ҳамчун моликияти зеҳнӣ эътироф гардида, сазовори 6 гувоҳнома барои амалӣ гардонидани ҳуқуқу имтиёзҳои муаллифи ихтироот гардидаанд.

Ҳамчунин узви ҳақиқии урологони Россия ва Аврупо маҳсуб меёбанд.

Дар самти таҳсилоти тиббӣ низ фаъолият бурда, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ба чоп расонидааст. Инчунин таҳти роҳбарии Солиҳов Д.Н.  3 нафар олимони ҷавон рисолаҳои илмии худро ҳимоя намудааст.

 Аз ҷониби муассисаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатии ватанию  байналмилалӣ бо диплом, сертификат, ифтихорнома ва сипоснома сарфароз гардонида шудааст.

Дар давраи фаъолияти илмии хеш бештар аз 180 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 80 мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба чоп расонида, ба ҳайси намояндаи олимони Тоҷикистон дар Конгрессу Анҷуманҳои байналмилалӣ иштирок ва маърӯзаронӣ намудааст.