Маркази тиббии ШАФРАН дар шаҳри Душанбе

Невропатолог

Табиби дараҷаи олӣ аз рӯи ихтисоси невропатолог-равоншинос бо номи Тамара Протсенко бо зиёда аз 40 соли собиқаи касбӣ ва шаҳодатномаи махсус аз шаҳри Маскав, омода аст ба ниёзмандон дар Маркази тиббии «Шафран» хидмат расонад.

Тамара Юревна мутахассиси табобати бемориҳои ба монанди: ихтилоли равонӣ, руҳафтодагӣ, норасоии ақлӣ, табобати нашъамандӣ, даст кашидан аз машруботи масткунанда, барқарорсозӣ пас аз инсулт, сиатика, остеохондроз, невритҳои асаби рӯй, бемории Паркинсон, бемориҳои рагҳои низоми марказии асаб, неврастения, энурез ва энкопрез.

Дар солҳои охир, табиби мо инчунин сироятҳои пас аз коронавирус, аз ҷумла ихтилоли равонӣ (психозҳо) -ро табобат менамояд. Дар кори Тамара Юревна ҷолиби диққат аст, ки вай бо ёрии дастгоҳи Элитон акупунктура, блокада ва физиотерапия мегузаронад.

Қаблан Тамара Юревна ҳамчун мудири шӯъбаи занони Диспансери ҷумҳуриявии психоневрологӣ, психоневролог дар қисми низоми ҳарбии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тотористон ва дигар муассисаҳои тиббӣ кор мекард. Дар тӯли солҳои зиёд ва кори баландихтисос Тамара Юрьевна бо мукофоти давлатӣ мукофотонида шуда, инчунин рутбаи полковники соҳаи хизмати тиббиро гирифтааст.

Барои вохӯрӣ бо духтур, лутфан пешакӣ худро қайд кунед.

Рӯзҳои қабул аз Душанбе то Шанбе (аз 8:00 то 17:00).