Маркази тиббии ШАФРАН дар шаҳри Душанбе

Гинеколог

Муоинаи саривақтии акушер-гинеколог раванди муҳимест, ки занон набояд аз мадди назар дур кунанд. Бисёр бемориҳо муддати тӯлонии бесимптомӣ доранд ва набудани табобат боиси мушкилоти хатарнок, аз ҷумла безурётӣ мегардад. Ҷинси латиф аксар вақт аз онкологияи гарданаки бачадон азият мекашад, ки то оғози марҳилаи онкологӣ ягон зуҳуроте ё худ нишона надорад, яъне ин маънои онро дорад, ки танҳо мутахассис метавонад ин муамморо ошкор намояд.

Акушер-гинекологи соҳибихтисос, ки маҷмуи хизматҳои соҳавиро пешниҳод менамояд, дар Маркази тиббии Шафран фаъолият мекунад. Ҳайати кории мо омода аст, ки дар масъалаи дастрас намудани табобати босифат ба шаҳрвандони Тоҷикистонро кӯмак намояд. Беморони мо ба утоқҳои ташхисӣ ва табобатӣ ва озмоишгоҳҳо дастрасӣ доранд. Акушер-гинеколог метавонад масъалаҳои зеринро мавриди роҳбарӣ ва табобат қарор диҳад:

  • Идоракунии раванди ҳомиладорӣ;
  • Бо нишондодҳо ва ё дигар сабабҳо исқоти барвақтӣ намудан.
  • Гистероскопия ва ё эхосальпингогистерокоспия гузаронидан.
  • Табобати эрозияи ташхисшудаи бачадон, миома, бемориҳои илтиҳобӣ, беҳосилӣ (бефарзандӣ).
  • Барои ташхиси тасвири дурусти вазъи бемор ва интихоби дурусти ҳалли масъала ташхис ва санҷиш таъинон муайян мекунад.

Тавсия дода мешавад, ки ҳадди аққал соле як маротиба бо мақсади пешгирӣ ба духтур муроҷиат намоед. Кӯмаки босалоҳияти саривақтӣ расонидашуда хавфи инкишоф ва пешрафти минбаъдаи аксарияти бемориҳои хатарнокро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.