Маркази тиббии ШАФРАН дар шаҳри Душанбе

Даря Сингх ва Анага Зопе

Таваҷҷуҳ…
Шаҳрвандони гиромӣ, аз 21-ум то 23-юми ноябр табиби маъруфи Ҳиндустон, ҷарроҳ, ортопед-духтури шикастабанд, узви фахрии Шӯрои олимони тибби Ҳиндустон ва Амрико, доктор Дария Сингх ва табиби варзидаи Ҳиндустон, духтури саратоншинос-мамолог, профессор Анаға Зопе дар Маркази тиббии Шафран ба муолиҷаи беморон мепардозад.
Доктор Дария Сингх собиқаи 20 солаи корӣ дошта, ба рӯйхати 20-гонаи табибони маъруфи ортопедии олам ворид гардидааст. Усулҳои табобат ва дастурамалҳои доктор Умеш Кумар Сингҳ аз ҷониби табибони маъруфи олам эътироф шудаанд. То ба имрӯз доктор Кумар Сингҳ беш аз 35 ҳазор шахсони гирифтори бемориҳои буғуми дасту пой, хӯрдашавии устухони рон, дарди зону, каҷшавии ангуштони дасту пой, сӯзиш ва дарди буҷулаки пой, лағжиши собунаки пой, варами буғумҳои даст ва оринҷро табобат намудааст. Инчунин, ин табиби соҳибтахассус зиёда 3000 ҷарроҳиҳои ортопедиро бомуваффақият гузаронидааст.
Профессор Анаға Зопе бонувони гирифтори бемориҳои саратони синаро бо усули муосир ва натиҷабахш муолиҷа мекунад. Аз усули табобат ва дастурҳои илмии ӯ дар аксар кишварҳои пешрафта истифода мебаранд.
Роҳбарияти Маркази тиббии Шафран шароити ташхису табобатро, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад, фароҳам овардаанд.
Маълумоти бештарро метавонед тавассути телефонҳои 900 03 88 33 ва 2 50 0101 аз соати 8:30-и субҳ то соати 16:30 пайдонамоед.