Маркази тиббии ШАФРАН дар шаҳри Душанбе

Доктор Муҳаммад аз зумраи мутахассисони

Доктор Муҳаммад аз зумраи мутахассисони соҳибкасб мебошад, ки назокати пешаи худро дар сатҳи олӣ медонад. Соли 2012 бемор шудам. Бо тавсияи дӯстон аввал ба Беморхонаи пӯст, ки дар маҳаллаи Яккачинор ҷойгир аст рафтам. Ду моҳ табобат гирифтам. Дар ин муддат беш аз пеш афгор шудам. Боз дӯстон маслиҳат доданд, ки ба Шаҳраки тиббӣ равам. Пас аз ташхис бемории маро бавосир гуфтанду ба табобат пардохтанд. Ҳар сол 4 маротиба назди “мутахассис” мерафтам. Ӯ дору мефармуд. Бо дарди ҷонкоҳ 8 солро пушти сар кардам. Моҳи марти соли 2020 дарди шикам шиддат гирифт. Ҳолати хунравӣ зиёд шуд. Бо тавсияи ҳамсинфам ба назди духтури шинохта Сайфулло Авезов рафтам. Пас аз ташхис Сайфулло Авезов гуфтанд, ки бемории ту қулинҷ (Язвенный колит) аст. 8 сол бо иллати бесаводии духтури Шаҳраки тиббӣ (Медгородок) ман азият кашидам. Пас аз ин дар назди дигар духтур табобат гирифтам, аммо натиҷа сифр. Ба истироҳатгоҳи Сангчашма, ки ҳамчун табобатгоҳ маъмул аст, рафтам, вале ҳолатам бадтар шуд. Дар муддати як сол назди чандин духтурони соҳибтаҷриба рафтам, аммо саломатиам хуб нашуд. Рӯзе ҳолати маро як нафар ҳамкорам диду тавсия дод, ки ба назди доктор Муҳаммад равам ва ман рафтам. Дар ибтидо гумон кардам, ки нархномаи онҳо дандоншикан аст, вале чунин набудаст. Доктор Муҳаммад забони тоҷикиро хуб медонад ва аз маданияти суҳбатороӣ ҳам иттилои комил дорад. Ӯ ба ман ҳамагӣ як дору навишт ва таъкид кард, ки то аниқ шудани навъи бемори аз табобат худдорӣ мекунад. Бо ёрии дӯстам Шервони Умриддин дар Бемористони Сино ташхис гузаронидем. Ташхис андак қиммат буд, вале натиҷа дошт. Инак муддати 3 моҳ аст, ки дар назди доктор Муҳаммад табобат мегирам. Шукр, ки худро рӯз аз рӯз беҳтару хубтар эҳсос мекунам. Ба доктор Муҳаммад ва кормандонаш сидқан изҳори сипос менамоям. Шафран дар кӯтоҳтарин фурсат дар соҳаи тиб мавқеи худро пайдо намуд. Ба дӯстон тавсия медиҳам, ки ба ҳангомаҳои дурӯғ бовар накунанд. Нархи табобат дар Маркази тиббии Шафран гарон нест.