Маркази тиббии ШАФРАН дар шаҳри Душанбе

Рӯзи табибон муборак!

Маркази тиббии «Шафран» ба муносибати рӯзи табибон, тамоми кормандони соҳаи тибби кишварро самимона табрик мегӯяд! Ҳар сол мо рӯзи 18-уми август ҷашни касбиро қайд менамоем ва дар ин замина таманнои амалӣ гаштани орзуҳои касбии шуморо дорем. Касби шумо, заҳматҳои шабонарӯзии шумо боиси сиҳатманд будани ҷомеа мебошад. Бигзор нуфузу эътибори касбиатон сарҳадҳои кишварҳоро убур намояд. Ба қуллаҳои баланди касбӣ расед.

Таманнои онро дорем, ки ҷомеаи мо ҳамеша тансиҳату солим бошад.

Рӯзи табибон муборак!🎁🎁